ЧАРОFИ РӮЗГОР

Барои фардои миллат

Овозаи зилзила ё зилзилаи овоза, ки як шаб Точикистонро ларзонд

Чура Юсуфй

1. Осебпазирем

Ҳодисаи шаби 9-10 январи соли нави равон, ки дар Душанбе, Хучанд, Қурғонтеппа, Хоруғ ва аксари шаҳру ноҳияҳои чумҳурй аҳолй ба овозаҳо дар бораи заминчунбии сахти эҳтимолй бовар карда, ба воҳима афтод, нишон медиҳад, ки чомеаи мо аз ҳучуми Зилзилаи ОВОЗА осебпазир аст.

Мисли он ки 19 сол пеш (феврали соли 1990) ба овозаҳо пиромуни ба ҳазорҳо армании аз заминчунбии Спитак зарардида дар Душанбе додани хонаву ҳавлй бовар кард ва ғарқи хун гардид. Мисли он ки ба овозаву ҳангомаҳо дар бораи бераҳмиҳои гушношуниди «вовчик»-ҳову «юрчикҳо» бовар кард ва ба чанги бародаркушй кашонда шуд.

Ин дафъа ташкилкунанда ё ташкилкунандагони овоза мардуми бисёреро тавонистанд мулоимтар карда гуем, аҳмақ кунанд. Ҳарчанд дар бораи зиёни ба мардум расида, яъне авчи бемориҳои марбут ба ҳолати руҳй, шамолхурй ва ғайра ҳануз иттилои расмие нест, шояд оқибатҳои ин «зилзила» баъдтар рушантару мушаххас шаванд.

Ба ҳар ҳол ин ҳодиса бори дигар осебпазирии чомеаи точикро дар муқобили овозаҳои бардуруғ собит сохт. Собит кард, ки аксарият ҳануз ғофил ҳастанд, на ба фармудаҳои Қуръон, ки тақдири некй ва бадй ҳама аз Худост, бовар доранду на ба хулосаҳои илм, ки ҳануз инсоният қудрати пешгуии дақиқи заминчунбиро надорад.

2.Вокуниши мақомот

Дар ҳоле ки овозаи зилзила дар саросари чумҳурй ба суръати садо паҳн мешуд, масъулони амнияти иттилоотии кишвар гуё дар хоби гарон буданд. Ё магар онҳо ҳам ба ин овоза бовар доштанд, ки соатҳои шаби сарди тулонй мардум дар интизори марги муфочо буданду аз шабакаҳои рузафзуни телевизиону радио овози ҳақиқат баланд нашуд.

Шояд бо сабаби камбуд ва маҳдудияти барқ масъулони садову симои кишвар бовар надоштанд, ки барномаҳояшонро ҳама дидаву шунида метавонанд, аз ин ру, танҳо субҳгоҳон тавонистанд бо чалби мутахассисон моҳияти овозаҳоро кушоянд.

Ба фикри мо, овозаро метавонистанд бо ҳамон роҳи аслии паҳн шуданаш, яъне телефонҳои мобилй пешгирй намоянд. Танҳо ба шабакаҳои алоқаи телефонҳои ҳамроҳ фармудан даркор буд, ки ба ҳамаи муштариёнашон хабар диҳанд, ки хабари зилзила овоза асту бас. Аммо касе аз масъулонро он лаҳзаҳои ҳалкунанда ин фикр ба сар назад.

3.Воҳимаандозон чазо мегиранд?

Дар солҳои Чанги дуввуми чаҳон Сталин фармони махсусе дода будааст, ки воҳимаандозонро бе пурсиш парронанд, зеро хатарноктар аз душман ҳастанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон дар робита ба ин ҳодиса парвандаи чиной боз карда, ба тафтишот оғоз намудааст. Мо алҳол намедонем, ки кадом фарзияву ривоятҳоро кормандони амният руи даст доранд. Ба ҳар ҳол чанд бардошти худро, ки аз суҳбат бо мардуми гуногункасб ҳосил шуд, ин чо ба тариқи фарзияи эҳтимолй меоварем ва ҳаргиз даъвои комилан ҳақ будани онҳоро надорем:

Якум, тасодуфан паҳн шудани овозаҳо баъди заминчунбиҳои паёпай, ки аввалҳои моҳи январ ба амал омаданд ва гузоришҳои телевизионҳо дар бораи дар минтақаи серзилзила мавқеъ доштани чумҳурй.

Дуюм, бо мақсади муташаннич гардондани вазъи кишвар бадқасдона паҳн кардани овоза аз чониби неруҳои хоричй, ки сиёсати нисбатан мустақилонаи Точикистон вақтҳои охир (изҳоротҳои вазорати корҳои хоричй дар мавриди куштори точикон дар Русия ва нисбати қазияи Исроилу Фаластин) писандашон нест.

Саввум, шояд ин кори баъзе гуруҳҳои норозии дохили кишвар бошад, ки хоҳони ба амал омадани зилзилаи воқеии сиёсй, махсусан, баъди ба ватан баргаштани теъдоди зиёди муҳочирони кории точик ҳастанд.

12.01.2009 Posted by | Амният, Навидҳо, Сиёсат, Тоҷикистон, Хабарҳои бурунмарзӣ | 3 комментария