Шоҳзода ҳофизаи узбак магар нобино буд, ки :«Нағз мебинам» мегӯяд?

Ҳофизаи узбак Шаҳзода
Ин ҳолро аз пайваста дархост кардани мухлисони радиои номбурда пай бурдан мумкин аст. «Кадом суруд будааст» гӯён дилтанг нашавед. Ҳамон суруди ҳофизаи ҷавон Шоҳзода! Гӯё як навъ маҳз тавассути суруди «Нағз мебинам»мухлисони зиёд пайдо кардааст. Суруд аз ҷиҳати маъниву мазмун хароб буда, аз такрори мисраҳои бемантиқ иборат аст, аммо дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёфтааст, ки ин аз сатҳи паст будани шеърфаҳмиву мусиқашиносии хосу ом дарак медиҳад.
Нағз мебинам, нағз мебинам,
Кай медонӣ зори ман.
Нағз мебинам, нағз мебинам,
Биё бо ман ёри ман.
Мехри (!) ту ёрам гирдам гардад,
Макун маро дилхун, дилхун.
Аз ман гир ҷонам ранҷу дардат,
Макун маро дилхун, дилхун Далее »
Мӯъҷизаи ахирзамон, ояти Қуръон дар бадани кӯдак

Оят дар бадани кудак
Аз рӯйи гуфтаи модари Алӣ Мадина Ёқубова ҳар шаби якшанбе ба душанбе ва панҷшанбе ба ҷумъа ҳарорати бадани кӯдак то ба 40 дараҷа гармӣ расида, кӯдак бетоқат мешудааст ва то ба рӯз гиряю наҷво мебаровардааст. То замоне, ки дар баданаш оятҳои Қуръон падид наояд, кӯдак аз гиря боз намемондааст. Аввалан дар бадани кӯдак нақшҳои кабудчатобу сархчаранги баланд пайдо шуда, исми «Аллоҳ» ва баъдан оятҳои Каломуллоҳ куллан падид ва ба ҳадди воқеан хонданӣ намудор мешудааст. Далее »
Истиқбол аз Истиқлол
Набиюллоҳи Суннатй
Истиқлоли рӯйизабонй ҳаст, аммо истиқлоли фикрй ку?
Ин сарлавҳаро шояд хонандаи азиз замоне дар як навиштаам, ки дар нашрияи «Ҳақиқати Ленинибод» (алъон «Ҳақиқати Суғд») хонда бошанд. Ва шояд анқариб тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» низ таҳти ин унвон барномаеро дида бошанд.
Дар он навиштаи қаблиаму дар ин барномаи телевизионй мундаричаҳо як хела буданд. Сар то по болидан аз нишоту шукуҳи Иди Истиқлолият буд. Инак чомаи дигаре мехоҳам дар ин навишта бипушонам. Мазмун ин нест, ки инак, ба чойи болидан шикваву гилоя мекунам.
Аммо дар истиқлоли 18-умини кишвари азизам ман мехоҳам балоғатро бубинам. Ин синни 18 солагй барои инсоният синни булуғу камол аст, мехоҳам ин гуна камолотро дар миллату давлати хеш бубинам. Мо кишвари минбаъд тозабунёд нестем. Далее »
Точикистони бесохиб
Шоҳини Равшан баргирифта аз торнамои Бахти миллат
Ҷасади сокини 36-солаи ноҳияи Панҷакент, Хайрулло Суюсов, ки пас аз тақрибан як моҳи ҷароҳат аз тири марзбонони узбак ахиран ҳалок шуд, аз Самарқанд ба Панҷакент интиқол шуд. Феълан, ҷасад дар дасти мутахассисон барои ташхиси тиббӣ мебошад.
Суюсов Хайрулло, сокини 36-солаи деҳи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент рӯзи 22-юми июл талош кардааст, берун аз гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Ургути вилояти Самарқанд марзро ғайриқонунӣ гузарад, вале марзбонони Ӯзбакистон ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Хайрулло бо захми тир ба бемористоне дар Самарқанд интиқол дода шудааст. Далее »
Ашки Сирдарё дар фироқи моҳиҳои гумшуда
Набиюллоҳи Суннатй
Хучанд зеботарин, аммо серпашшатарин шаҳри чахон
Аз болои купрук ба Сирдарё назар мекунаму пайхас мекунам, ки Сирдарё оҳиста гиря мекунад, ашк мерезад. Охир сирдарё сир дорад –ку. Дар фироқи моҳиҳо-фарзандони гумшудааш мегиряд. Аз дарё на буйи софу зулолй, балки буйи бади серун меояд. Дар ду тараф сайёдон-моҳигирон дар як даст шасту дар дасти дигар шишаи пиво. Вақте шишаи пиво холй шуд, даруни дарё ҳаво медиҳанд. Аз дарё буйи ғализи ахлоту палидй меояд. Ман ашки дарёро эҳсос мекунам. Далее »
«Обро мо гузаронидем, вазифадорон буриданд»
Парвинахони ФАХРИДДИН
Аз тарафи Президенти Точикистон соли 2005-2015 даҳсолаи «Об манбаи ҳаёт» эълон шуд. Ин маънои онро дорад, ки Точикистон ҳамчун як кишвари серобтарин метавонад ва ҳадди аққал кушиш мекунад, як вачаб мазореаш хушкидаву беоб намонад. Аммо дар микраноҳияи 31-ум хонаи 28 «а», ки қаблан чандин бех дарахтони сояафкан шинонида буданд, инак аз беобй 2 сол инчониб хушк ва нобуд шуда истодаанд. Шаке нест, ки минбад низ чунин «счетчик»-шинонй авч гирад, ягон вачаби кучаҳои шаҳр аз серобй маҳрум монда, сурати биёбонеро ба худ мегирад. Далее »